Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе се украинӣ аз гарав раҳо шудаанд


 Бинои вазорати корҳои хориҷии Украина дар шаҳри Киев
Бинои вазорати корҳои хориҷии Украина дар шаҳри Киев
Вазорати корҳои хориҷии Украина дар шаҳри Киев ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки дар шаҳри Душанбе се гаравгони украинӣ раҳо шудаанд. Ба қавли сафорати Украина дар Узбакистону Тоҷикистон, ки мақарраш дар Тошканд аст, ҳодисаи гаравгонгирии украиниҳо 27-уми январ ошкор шуд.
Шоми сешанбе дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ураина иттилоъ дод, ки гурӯҳи гаравгонгир барои раҳоии украиниҳо 100 ҳазор доллар талаб мекард.
Тибқи маълумоти сафорати Украина ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон ба таври оҷил макони гаравгонҳоро ташхис намуда, 31-уми январ дар ҷараёни амалиёти хос ҳар се гаравгонро озод карданд.
Ба гуфти вазорати корҳои хориҷии Украина дар иртибот бо гаравгонгирии украиниҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро тафтиш доранд. Дар навбати худ дипломатҳои украинӣ низ таҳқиқи парвандаро пайгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG