Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори зани рус дар Тоҷикистон муҳокима мешавад


Олга Ермакова
Олга Ермакова

Мақомоти Русия мегӯянд, муҳокимаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар куштори зани рус муттаҳам мешавад, дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд

Мақомоти тафтишотии Русия таҳқиқи парвандаи куштори зани рус Олга Ермаковаро то як моҳи дигар тамдид намуда, барои интиқол ба Тоҷикистон омода мекунанд. Олга Ермакова модари Даниил Ермаков аст, ки тирамоҳи гузашта дар канори яке аз роҳҳои назди шаҳри Екатеринбург ёфт шуда буд.

Сухангӯи Кумитаи тафтишоти вилояти Саратови Русия Анна Марусова ба хабаргузории "Итар-тасс" гуфтааст, ки бар пояи Эъломияи Минск афроди муттаҳам дар ҷиноятҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ истирдод мешаванд, вале фарди муттаҳам дар куштори Олга Ермакова дар қаламрави Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, бар пояи сарқонуни Тоҷикистон шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ ба кишварҳои дигар супурда намешаванд ва аз ин рӯ, муҳокимаи ин куштор бояд дар Тоҷикистон баргузор гардад. Расонаҳои Русия борҳо хабар додаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Далер Ватанов бо куштори Олга Ермакова муттаҳам мешавад.

Рӯзи 21 -уми сентябри соли гузашта Даниил Ермакови 5-соларо дар канори Екатеринбург ёфтанд ва он замон ӯ гуфта буд, ки падарандари тоҷикаш вайро дар ҳамон ҷо монда ва дигар барнагаштааст. Ҷасади модари ӯ, Олга Ермаковаро 6-уми октябр дар манзилаш дар деҳаи Котовраси вилояти Саратов бо захмҳои сангине пайдо карданд ва муфаттишон тахмин мекунанд, ки Олга Ермаковаро, ҳамсари тоҷикаш кушта бошад.

Чунин муҳокимаҳо дар гузашта ҳам доир шудаанд. Соли 2008-ум Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар қатли хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони Русия, Илёс Шурпоев муҷрим донист ва ҳардуро барои муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов дар ин бора гуфта буд, ки бар асоси модаи 67 қисми 3 Қонуни кайфарии Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов ҳар кадом ба муддати 21 солӣ зиндонӣ шуданд. Ятимов ва Муҳиддинов 29-уми марти соли 2008-ум бо дастури муфаттишони Русия дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд ва ҳангоми кофтукоб аз дасти онҳо ашёи хусусии Шурпоев мусодира шуда буд.

Ятимов ва Муҳиддинов, ки аз шиносҳои Шурпоев будаанд, шаби 21-уми март дар манзили кироии Шуропев дар Маскав ӯро кушта, амволашро аз худ намуданд. Маҳкумшудагон дар додгоҳ баёнияи ибтидоӣ ва эътирофии худро рад карда буданд.
XS
SM
MD
LG