Пайвандҳои дастрасӣ

Лубнон дар таҳқиқи бомбгузории булғорӣ ёрӣ медиҳад


Сарвазири Лубнон Наҷиб Миқотӣ

Сарвазири Лубнон Наҷиб Миқотӣ

Сарвазири Лубнон Наҷиб Миқотӣ мегӯяд, кишвараш ҳозир аст, дар таҳқиқи бомбгузории автобуси сайёҳони исроилӣ дар Булғористон, ки бар асари он панҷ шаҳрванди Исроил ва ронандаи автобус кушта шуданд, бо мақомоти булғорӣ ҳамкорӣ кунад.
Рӯзи сешанбе Светан Светанов, вазири умури дохилии Булғористон, бомбгузории моҳи июлро амали дасти гурӯҳи тундрави Ҳизбуллоҳи Лубнон хонд. Светан Светанов гуфт, дар ин бомбгузорӣ дар шаҳри соҳилии Бургас се нафар даст доштаанд. Яке аз онҳо шиносномаи австралиягӣ ва дигарӣ шиносномаи Канадаро доштааст. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Булғористон, ин ду нафар узви шохаи ифротии Ҳизбуллоҳ будаанд ва далел вуҷуд дорад, ки онҳо аз ин созмон пул мегирифтаанд. Исроил бомбгузориро кори дасти Ҳизбуллоҳ ва Эрон хонд. Баъди нашри ин айбномаи Булғористон Исроил, ИМА аз Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд,ки бар зидди Ҳизбуллоҳ иқдом намояд. Исроил Ҳизбуллоҳ ва Эронро масъули бомбгузории моҳи июл номидааст. Эрон ин иттиҳомотро рад кардааст ва Ҳизбуллоҳ ҳеҷ гоҳ дар иртибот бо ин бомбгузорӣ чизе нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG