Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар чойхонаи афғонӣ 3 касро ҳалок намуд


Таркиш дар як чойхонаи шимоли Афғонистон ҳаёти камаш 3 нафарро аз байн бурда, нуҳ нафари дигарро маҷрӯҳ намуд. Муовини волии вилояти Форёб Абдусаттор Бориз мегӯяд, ки таркиш субҳи сешанбе дар чойхонаи минтақаи Хоҷа Сабзпӯш ба вуқӯъ пайваст. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Ба қавли Бориз одатан рақобати миёни гурӯҳҳо яке аз сабабҳои асосии чунин таркишҳо мебошад. Ахиран Толибон ва гурӯҳҳои ҳампаймони онҳо дар ин минтақа ҳаҳмлаву бомбгузориҳо раҳандозӣ намуда буданд.
XS
SM
MD
LG