Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Арманистон таъхир намеёбад


Паруир Ҳайрикян-довталаби курсии раёсатҷумҳурии Арманистон
Паруир Ҳайрикян-довталаби курсии раёсатҷумҳурии Арманистон
Довталаби курсии раёсатҷумҳурии Арманистон Паруир Ҳайрикян, ки ҳафтаи гузашта аз силоҳи оташфишон захм бардоштаааст, мегӯяд, ӯ аз Додгоҳи конститутсионии ин кишвар таъхири интихоботи президентиии 18-уми февралро дархост намекунад. Рӯзи сешанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Ереван Ҳайрикян ҷой доштани “мувофиқатномаи хос” бо мақомотро, ки гӯё боиси қабули ин қарор шуда бошад, комилан беасос номид. Рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Ҳайрикян гуфта буд, ки шояд аз ҳаққи қонунии худ истифода бурда, масъалаи таъхири дуҳафтаинаи интихоботро дар миён гузорад. Ҳайрикиян яке аз ҳашт довталаби курсии президенти Арманистон аст. Аммо коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки дар интихобот президенти кунунии Арманистон Серж Саркисян пирӯз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG