Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвазири Гурҷистон мухолифи президенти кишвар аст


Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ

Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ

Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ президенти ин кишвар Михеил Саакашвилиро бо кӯшиши ноором намудани Гурҷистон муттаҳам кард. Рӯзи сешанбе Иванишвилӣ гуфт, ҳизби зери раҳбарии Саакашвилӣ саъй дорад, мухолифати шаҳрвандӣ ташкил намояд. Иванишвилӣ афзуд, рӯзи ҳаштуми феврал ҳангоми хитоби солонаи президент Саакашвилӣ ба вакилони мардумӣ ӯ дар бинои парламент ҳузур нахоҳад дошт. Сарвазири Гурҷистон гуфт, ӯ намехоҳад ба дурӯғҳои Саакашвилӣ гӯш диҳад:
Мо вазъро зери назорат қарор додаем. Ягон кас дар Гурҷистон нахоҳад тавонист, ки онро ноором кунад. Бовар кунед, ки давраи ҳукмронии Михеил Саакашвилӣ хотима ёфтааст. Давраи дурӯғгӯӣ хотима ёфтааст. Ман аз ҳамаи шумо хоҳиш дорам, ки ором шаведу мувоизинати рӯҳии худро ҳифз намоед.”
Иванишвилӣ мегӯяд, ки ҳукумати зери раҳбарии ӯ равобит бо Русияро, ки баъди ҷанҷол рӯи манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар соли 2008-ум зиён дидааст, барқарор хоҳад кард.
Иванишвилӣ ҳамчунон ёдовар шуд, ки ҳукумати Гурҷистон ҳамоно сиёсатҳои рӯ ба ғарбро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG