Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Аҳмадинажод бо Муҳаммад Мурсӣ


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар оғози боздидаш аз Миср дар шаҳри Қоҳира бо Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард. Тайи 30 соли ахир ҳеҷ раҳбари Эрон ба Миср сафар накарда буд. Ба навиштаи МЕНА, хабаргузории расмии Миср, раҳбарони ду кишвар таҳаввулот дар минтақа ва “шеваҳои бе мудохилаи низомӣ хотима додан ба хунрезӣ” дар Сурияро баррасӣ карданд. Эрон тарафдори ҳукумат ва Миср тарафдори шӯришиён дар Сурия аст. Ба гуфтаи хабаргузории МЕНА, ду тараф ҳамчунин роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни Мисру Эронро баррасӣ кардаанд. Ҷумҳурии Исломӣ соли 1980 баъди сулҳ бастани Миср бо Исроил, равобитро ба Миср канд. Аҳмадинажод дар ҷараёни сафари серӯзааш ба Миср дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG