Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Аҳмадинажод аз амали вазорати адлия


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, вазорати адлияи ин кишварро барои боздошти яке аз ҳампаймонҳояш Саид Муртазавӣ, додситони собиқи Теҳрон интиқод кард. Ӯ дар як шарҳе дар торнамои худ, боздошти Муртазавиро “амали бисёр зишт” хондааст. Додситонии Теҳрон хабари боздошти Саид Муртазавиро таъйид кард, вале доир ба иттиҳомот алайҳи ӯ чизе нагуфт. Ба гузориши матбуоти Эрон, Саид Муртазавиро ба зиндони бадноми Эвини Теҳрон бурдаанд. Саиди Муртазавиро соли 2010 бинобар марги се тазоҳургар дар зиндон аз мақомаш барканор карданд. Номи Саид Муртазавӣ дар қазияи ҷанҷоли Аҳмадинажод дар порлумони Эрон садо дода буд, ки рӯзи якшанбе хонаводаи раиси порлумон Алии Лориҷониро ба фасодкорӣ муттаҳам кард. Содиқ Лориҷонӣ бародари Алии Лориҷонӣ, вазири адлияи Эрон аст.
XS
SM
MD
LG