Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузори маргталаб шаш нафарро дар Ироқ кушт


Як бомбгузори маргталаб рӯзи сешанбе бо ҳамла ба як посгоҳи сарбозон дар Ироқ чаҳор сарбозу ду ғайринизомиро кушт. Ба гуфтаи мақомоти расмии Ироқ ин маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба посгоҳи воқеъ дар шаҳри Тоҷӣ дар шимоли Бағдод равон кард, ки дар натиҷа 14 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст. Рӯзе пештар аз ин дар шаҳри Тоҷӣ дар ҳамла ба нерӯҳои мусаллаҳи суннимазҳаби тарафдори ҳукумат дар ин шаҳр дасти кам 22 нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG