Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи додгоҳи қазияи пурсарусадои Ҳинд


Дар шаҳри Деҳлӣ имрӯз муҳокимаи пурсарусадои панҷ нафаре идома кард, ки ба таҷовузи гурӯҳии як духтаре муттаҳам мешаванд, ки дертар даргузашт. Дар муҳокимаи имрӯза, ҷавоне шаҳодат медиҳад, ки ҳамроҳи духтар дар дохили автобус буд. Таҷовузи ҷинсӣ ва бераҳмонаи донишҷӯи 23-сола дар дохили автобус ҷомеаи Ҳиндро ба хашм оварда ва тазоҳуроти густурдаеро бо талаби ҳимояти муносиби занон аз зӯроварӣ барангехт. Ҳамроҳи 28-солаи духтарро ба ҳадде латукуб кардаанд, ки дуруст роҳ рафта наметавонад ва ӯро дар аробаи маъюбӣ ба додгоҳ оварданд. Ҳамаи панҷ нафар худро бегуноҳ хондаанд вале дар сурати собит шудани гуноҳашон, онҳоро метавонанд ба қатл маҳкум кунанд. Муттаҳами шашум, ки ноболиғ аст, алоҳида муҳокима мешавад.
XS
SM
MD
LG