Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия созишномаро имзо мекунанд


Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, амр додааст, ки созишнома дар мавриди содироти маводи нафт бидуни боҷи давлатӣ ба Тоҷикистонро имзо кунанд. Бар асоси ин созишнома, Русия ба Тоҷикистон ба ҳадде маводи сӯхт мефурӯшад, ки кишвар ба он эҳтиёҷот хоҳад дошт. Эҳтиёҷоти ҳарсолаи Тоҷикистонро то якуми октябр муайян мекунанд ва дар сурати тақозои бештар боҷи гумрукӣ ба қимати маводи сӯхт изофа мешавад. Содироти маводи сӯхтӣ русӣ аз Тоҷикистон мамнӯъ аст. Тоҷикистону Русия сари ин созишнома моҳҳои тулонӣ баҳсу кашмакаш карданд. Як шарти тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз ҷумла воридоти маводи арзони сӯхти русӣ ба Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG