Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 4 нафар бо иттиҳоми қочоқи сигор


Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон мегӯяд, чаҳор нафарро бо иттиҳоми қочоқи тамоку аз Афғонистон боздошт кардааст. Хабаргузории расмии “Ховар” бо такя ба дафтари матбуоти кумита навиштааст, ки Карам Мирамбахшов, Тилло Шогунбеков, Матлабшо Азизмамадов шаҳрвандони Тоҷикистон ва Муродмамад валади Шакармамад, шаҳрванди Афғонистонро рӯзи 29 январ дар минтақаи дидбонгоҳи марзии “Шидз” дастгир ва аз онҳо 6 ҳазору 500 қуттӣ сигори навъи “Pine”-ро мусодира кардаанд. Се рӯз пеш аз ин, се шаҳрванди Тоҷикистон ва сокинони деҳаи Нишуспи Шуғнонро, ки ғайриқонунӣ ба Афғонистон ворид шудаанд, марзбонони афғон дастгир карда ва ба маъмурони амниятии Тоҷикистон супурдаанд. Алайҳи ҳарсе нафар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG