Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи консулгарии Қазоқистон дар Хуҷанд


Дар шаҳри Хуҷанд консулгарии ҷумҳурии Қазоқистон ба фаъолият оғоз намудааст.
Илҳоми Ҷамолиён, сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд рузи 5-уми феврал ба "Озодӣ" гуфт, ки ҳукумати Қазоқистон дар вилояти Суғд консулгарии худро расман боз намудааст. Қазоқистон дуввумин кишвар баъди Русия мебошад, ки дар вилояти Cуғди Тоҷикистон консулгарӣ дорад.

Ба иттилои Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Cуғд, дар охирҳои ҳафтаи гузашта Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Мейрамгалӣ Оринбасаровро ба ҳузур пазируфт. Қоҳир Расулзода боз шудани консулгарии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷандро дар амри густариши муносибатҳои минтақавии Тоҷикистону Қазоқистон муҳим арзёбӣ кардааст. Дар ин дидор ҳамкориҳои миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои мухталифи кишвари Қазоқистон баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад Қазоқистон яке аз кишварҳои узви консорсиюми довталаби сармоягузорӣ ба бузургтарин кони нуқра мавсум ба «Кони Мансур» мебошад.
Гул Шералӣ вазири энергетика ва сановати Тоҷикистон ахиран дар нишасти хабариаш дар моҳи феврал гуфт, ки дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани "Кони Мансури Калон", ки захираи нуқраи он беш аз 60 ҳазор тонна тахмин зада мешавад, истеҳсоли нуқра дар Тоҷикистон хоҳад афзуд.
XS
SM
MD
LG