Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафорати ИМА аз аккредитатсия нашудани Қаюмзод


Сафорати ИМА дар Душанбе, бо пахши як изҳорот нигаронии амиқи худро дар мавриди сабти ном ё аккредитатсия нашудани Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори бахши тоҷикии РО, баён кард.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи сешанбеи 5-уми феврал нашр шуд, омадааст, «Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ, дастгирӣ менамоянд. Мо, Сафорати Амрико, ҳамеша нигаронии худро оиди муносибат бо хабарнигорон дар Тоҷикистон, минҷумла бо ҷаноби Абдуқаюм Қаюмзод бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, матраҳ менамоем.»

Сафорати ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки «озодии матбуотро эҳтиром намуда, механизми аён ва шаффофи марбут ба сабти номи хабарнигоронро таъсис диҳад.»

Вазорати умури хориҷии Тоҷиистон дар моҳи декабри соли гузашта Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид.

Аз ин қабл Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ташреҳи қазияи Абдуқаюми Қаюмзодро тақозо карда буданд. Дар ин номаи муштарак 4 созмон – Иттиҳодияи хабарнигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” аз оқои Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.

Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 барои Озодӣ гузориш медиҳад. Ӯ соли гузашта соҳиби ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳоди хабарнигорони Тоҷикистон шуда, нашрияи “Фараж” ӯро барои гузоришҳояш дар масоили сиёсиву сиёсати хориҷӣ ва мусоҳибаҳояш бо шахсиятҳои маъруф “Журналисти сол” интихоб кард. Ӯ соли 1995 ҷоизаи Ҳеллман ва Ҳеммет барои озодии баён ва соли 2010 дар як маросим дар сафорати Амрико дар Душанбе ҷоизаи "Ҷуръати журналистӣ"-ро ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG