Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон соли гузашта ба шарофати муассисаҳову аҳолии “саховатманд” ва ё бачаҳои сергап, тақрибан ним миллиард доллар фоида ба даст овардаанд.

Омори мазкур мисли рақамҳои хушки дигар зуд ба бойгонии матбуот рафт, вале дар ин миён баъзеҳо абрӯ кашиданд, ки чӣ гуна мардуми як кишвари фақире метавонад, барои суҳбатҳои телефониву интернету “аз ин қабил чизҳо” пулеро сарф кунад, ки бо он метавон, як нерӯгоҳи Сангтӯда сохт.

Онҳое, ки аз харҷи зиёд барои сӯҳбатҳои телефониву истифодаи интернет дар Тоҷикистон асабонӣ шудаанд, мегӯянд, мардум метавонад, ба ҷойи гапи беҳуда ва сарфаҷӯӣ аз ҳисоби телефон ё гӯшаи хонаашро дуруст кунад ва ё барои бачаҳо китоб бихарад.

Сулаймон Шарифов, аз шаҳри Панҷакент, аз хашм телефони ҳамроҳи бачаҳояшро ба замин зада шикастааст, зеро ба гуфтаи ӯ, буҷаи хонаводаашро дар як моҳ хароб кардаанд: “Дар Тоҷикистон масъала гап задан аст. Тақрибан дар як моҳ 200 сомонӣ сарф карданд.”

Сулаймон Шарифов афзуд бо ин 200 сомонӣ ӯ метавонист, барои худи бачаҳо либос ва ё орди якмоҳа барои хонаводаро бихарад. Аммо ӯ мегӯяд, дигар бе телефони ҳамроҳ ҳам намешавад, зеро он ба як дастёри муҳими хонаводаҳо табдил ёфтааст. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар Тоҷикистони ҳафтуним миллион нафарӣ, ширкатҳои мухобиротӣ 8 миллиону 300 ҳазор муштарӣ доранд, вале аз ин ҳисоб андаке камтар аз 4 миллиону 700 ҳазор нафари онҳо муштариёне ҳастанд, ки ҳар рӯз аз телефон истифода мебаранд. Теъдоди корбарони Интернет дар Тоҷикистон ба 3 миллиону 700 ҳазор нафар расидааст.

Ба гуфтаи Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти телефони ҳамроҳ, дар Тоҷикистон дар як сол харҷ шудани 470 миллион доллар барои хадамоти мухобиротӣ маънои онро надорад, ки мардум рӯзи дароз нишаставу бо ҳам телефонӣ гап задаанд: “Бар иловаи сӯҳбатҳои телефонӣ, хадамоти дигар ҳаст, ба мисли интернет, сӯҳбатҳои видеоӣ, харидани мусиқиҳои маҳбуб, ворид шудан ба торнамоҳо, ба мисли В Контакте ва амсоли инҳо.”

Гузашта аз ин ба гуфтаи Ғафур Эркаев ҳамаи даромади ширкатҳо аз ҳисоби мардуми дохили кишвар нест, балки аз хориҷ ҳам ҳаст, ки ширкатҳои дохилӣ кори онҳоро анҷом медиҳанд. Як сабаби зиёд будани харҷ барои телефону интернет аз ҳисоби муколамаҳои телефонӣ, ёди волидайну ҳамсару хоҳару бародар кардани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аст, ки пайваста ба онҳо занг мезананд ва ҳамингуна дар афзоиши даромади ширкатҳои мухобиротӣ саҳм мегиранд.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои таъминкунандаи хадамоти интернетӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, шояд ба 470 миллион доллар расидани даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар назари аввал бузург намояд, аммо ин маблағро миёни 4 миллиону 700 ҳазор муштарии фаъол тақсим кунем, ба ҳар яки онҳо моҳона 10 долларӣ мерасад. Дигар ин ки ба гуфтаи ӯ, бо сарфи ин маблағ мардум шояд 1 миллиард доллари дигарро сарфаҷӯӣ кардаанд.

Асомуддин Атоев афзуд: “Ин нишондиҳандаи он аст, ки мардум аз истифодаи телефони мобилӣ манфиат мебардоранд. Чанд рӯз пеш ҳангоме, ки дар маршрутка мерафтам, ба чанд нафар занг задам ва чанд масъаларо ҳал кардем, марди тахминан 45-50 солаи ношинос наздам менишаст гуфт, ки ҳамин телефони мобилӣ чӣ қадар кори одамонро осон кардааст, шарт нест, барои чорабиниву маъракаю тую тамошо дар ба дар гашта мардумро хабар кунӣ.”

Ба гуфтаи Асомуддин Атоев, агарчӣ ҳоло ҳам сӯҳбатҳои беҳудаи телефонӣ, аз ҷумла аҳволпурсиҳои “чандтабақа” дар миёни мардум вуҷуд дорад, вале муштарӣ қадри пули худро медонад ва медонад, ки чӣ гуна онро сарф кунад.

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон, афзоиши даромади ин ширкатҳо ба нафъи буҷаи давлат ҳам ҳаст, ки аз бузургтарин молиётсупорандагон ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ бадие надорад, ки харҷи мардум барои истифодаи хадамоти телефони ҳамроҳ ва интернетӣ афзудааст, зеро фанновариҳои навин айни замон ба муҳаррики иқтисод табдил шудаанд:

Ғафур Эркаев афзуд: “Медонед, имрӯзҳо, ки ҳама чиз гарон аст, телефон ба як наҷотбахш табдил шудааст. Ба инсон шарт нест, ба ҷое биравад, ҳама маълумоти заруриашро дар ҳамонҷо ба даст меорад. “

Ҳатто паёмак ва ё смси талоқро, ки як замон баъзе муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба ҳамсарони худ мефиристоданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG