Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори якбораи 39 сарбоз аз артиши Қирғизистон


Расми адои савганд дар артиши Қирғизистон

Расми адои савганд дар артиши Қирғизистон

39 сарбози қирғиз шаби 4 феврал аз як қисми низомӣ дар Бишкек – пойтахти Қирғизистон – фирор кардаанд. Пайвандони онҳо мегӯянд, иллати фирор бадрафторӣ буда, фирориҳо тавассути телефон ба пайвандони худ гуфтаанд, ки танҳо дар сурати иваз кардани фармондеҳи баталёнашон ба хидмат бар хоҳанд гашт. Ҳамаи сарбозони фирорӣ сарбозони собиқадоранд, ки бояд тобистони соли ҷорӣ аз хидмат рухсат мешуданд. Макони феълии онҳо маълум нест. Бадрафторӣ як мушкили ҷиддӣ дар артиши Қирғизистон боқӣ монда, иллати марги чандин сарбоз дар гузашта шудааст. Вале ин бори аввал аст, ки якбора 39 сарбози қирғиз аз ҷои хидмат фирор мекунанд.
XS
SM
MD
LG