Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушии боз як марзбони қазоқ


Боз як афсари нирӯҳои марзбонии Қазоқистон худкушӣ кардааст. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, муовини фармондеҳи посгоҳи марзии Шонжа капитан М.Қодиралинов баъди бозгашт аз назорати марз дар посгоҳ ба ҷони худ қасд кард. Тафтиши қазия шурӯъ шудааст.
Рӯзи 31 январ раҳбари Академияи марзбонии Қазоқистон Талъат Эсетов низ худро дар дафтари кораш парронд. Моҳи декабр 27 афсари Хадамоти марзбонии Қазоқистон дар сониҳаи ҳавоӣ ҳалок шуданд. Дар ҳамон моҳ додгоҳ марзбон Владислав Челахро бо ҷурми қатли 14 сарбозу афсар ва як ҷангалбон дар моҳи май дар як посгоҳ дар марзи Қазоқистону Чин ба 14 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG