Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони иттиҳом алайҳи ду мухолифи озарӣ


Саркӯбии эътирозҳо дар Исмоилӣ

Саркӯбии эътирозҳо дар Исмоилӣ

Дирӯз 2 раҳбари мухолифини Озарбойҷонро ба ташкили беназмиҳои оммавӣ айбдор карданд. Муовини раиси ҳизби Мусовот Тавфиқ Яъқублу ва раҳбари ҷунбиши Реал Илқор Мамадов метавонанд ба ҷаримаҳои сангин ё то 3 соли зиндон маҳкум шаванд. Вакилони онҳо мегӯянд, мурофиаҳои ин ду сиёсатмадор ба зудӣ оғоз хоҳад ёфт. Иттиҳомот марбут ба эътирози моҳи январ дар шаҳри Исмоилӣ, воқеъ дар 150-километрии шимолуғарби пойтахт – Бокуст. Рӯзи 23 январ ҳазорон сокини Исмоилӣ бо талаби истеъфои ҳокими ноҳия манзилу мошинҳои ӯ ва як меҳмонсароро оташ заданд. Яъқублу ва Мамадов рӯзе баъд ба Исмоилӣ омада, сокинонро ба муқовимати маданӣ даъват карданд. Пулис эътирозгаронро бо гази ашковар ва лӯлаҳои об пароканда кард.
XS
SM
MD
LG