Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифли тоҷик дар Русия гирифтори домана шудааст


Як тифли дусолаи тоҷик дар Санкт-Петербурги Русия гирифтори бемории сироятии домана шудааст. Модараш ӯро ҳанӯз 28 январ ба бемористони ба номи Боткин овардааст, вале танҳо рӯзи 1 феврал вуҷуди домана дар бадани ин тифлро ташхис кардаанд. Табибон дар пай модари тифлро ҳам бистарӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин як мавриди алоҳида аст ва хатари шуйюи домана дар шаҳр вуҷуд надорад. Соли гузашта дар Петербург 8 мавриди домана ташхис шуда буд.
XS
SM
MD
LG