Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Игор Шувалов 11 феврал ба Душанбе хоҳад омад


Игор Шувалов

Игор Шувалов

Муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ҳафтаи оянда аз Душанбе боздид хоҳад кард. Қарор аст, ӯ 12 феврал бо сарони Тоҷикистон мулоқот карда, рӯзи 13 феврал дар иҷлоси куммиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ҳайъати Русияро раҳбарӣ кунад. Манобеъи “Азия Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин иҷлос бояд қарордодҳое ба имзо бирасанд, ки дар музокироти моҳи октябри руасои ду ҷумҳурӣ Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон тавофуқ шуда буд. Дар моҳи октябр Тоҷикистон замони будубоши пойгоҳи 201-уми артиши Русияро то соли 2042 тамдид кард. Русия дар иваз ваъда дод, ки боҷи гумрукиро аз содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон бардошта, барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламраваш як силсила имтиёзҳо хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG