Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи тарроҳи либос дар Минск


А.Варламав дар додгоҳ
А.Варламав дар додгоҳ
Дар Минск, пойтахти Беларус мурофиаи тарроҳи маъруфи либос Аляксандр Варламав оғоз ёфт. Мудири мактаби мӯди Саша Варламав ва ҳам раҳбари собиқи ҷашнвораи Fashion Mill – муҳимтарин сабқати мӯду либос дар Беларус – ба тахаллуфоти бузурги молӣ, тасарруфи амвол, насупурдани андоз ва сӯъиистифода аз мақом айбдор мешавад. Тафтишот ҷамъи зиёни расида аз аъмоли Вармалавро 1,2 миллиард рубли Беларус, муодили 133 000 доллар ҳисоб кардаанд. Дар ҷараёни мурофиаи дирӯза додгоҳи ноҳияи Ленин дархости раҳоии шартии Варламавро, ки мегӯяд, аз дарди пушт азият мекашад, радд кард.
XS
SM
MD
LG