Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин навори видеоии Малола Юсуфзай


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай баъди тир хӯрданаш аз сӯи ҷангиёни Толибон бори аввал дар навори видеоӣ зоҳир шуд. Ин фаъоли сулҳи наврас аз Покистон бо изҳори сипос ба тарафдоронаш гуфт, “рӯзторӯз худро беҳтар ҳисс мекунад.” Ӯ баъди ду ҷарроҳӣ дар бемористони малика Элизабет дар Бирмингеми Бритониё табобат мегирад. Малолаи 15-сола ба далели таблиғи таҳсили духтарон ва блогнависисаш дар соли 2009 дар бораи аъмоли Толибон моҳи октябр ҳангоми бозгашт аз мактаб дар водии ошӯбзадаи Свот ҳадафи ҳамлаи ҷангиён қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG