Пайвандҳои дастрасӣ

Таниши лафзӣ байни Аҳмадинажод ва Лориҷонӣ


Лориҷонӣ ва Аҳмадинажод(Акс аз бойгонӣ)

Лориҷонӣ ва Аҳмадинажод(Акс аз бойгонӣ)

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ хонаводаи раиси Маҷлис Алии Лориҷониро ба фасод айбдор кард. Аҳмадинажод, ки рӯзи якшанбе дар парлумон як вазири кобинаашро аз радди салоҳият ҳимоят мекард, сабти сӯҳбати Фозили Лориҷонӣ - бародари раиси Маҷлисро пахш кард ва гуфт, ин баёнгари ба фасод печидани ин хонавода аст. Лориҷонӣ ба навбаи худ, гуфт, Аҳмадинажод монеъи таҳқиқоти қувваи қазоия алайҳи ёрони наздики сиёсиаш мешавад. Ин баёнияҳо иҷлосияро ба доду фарёд ва беназмӣ кашонд. Аҳмадинажод, ки давраи дувум ва ниҳоии раёсаташро сипарӣ мекунад, ҳаққи ширкат дар интихоботи моҳи июнро надорад, вале таҳлилгарон мегӯянд, барои ҳифзи нуфузи худ баъди тарки мақом талош хоҳад кард. Алии Лориҷонӣ дар интихоботи соли 2005 рақиби Аҳмадинажод буд, вале ҳанӯз аз азмаш барои рафтан ба интихоботи имсола дарак надодааст.
XS
SM
MD
LG