Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ҳукми қотили муҳоҷири тоҷикро бознигарӣ мекунад


Додгоҳи Олии Русия ҳукми додгоҳии сокини 20-солаи шаҳри Самара Александр Николаевро, ки гуноҳаш дар қатли шаҳрванди Тоҷикистонро нокофӣ хонда буд, бекор кард. Дар ин бора намояндаи додситонии вилояти Самара Надежда Исмоилова хабар дод.

Ба гуфтаи хонум Исмоилова, додситонӣ аз болои ҳукми сафедкунандаи Александр Николаев эътироз кард, зеро тафтишот муқаррар сохтааст, ки Николаев 10 сентябри соли 2011 дар таҳхонаи бинои истиқоматӣ дар Самара ба шаҳрванди Тоҷикистон корд зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Кормандони Хадамоти федеролии амният охири моҳи ноябр Николаевро боздошт карданд. Тавре маълум шуд, баъд аз куштор ӯ ба як дӯсташ номаи электронӣ навишта иқрор кардааст, ки ҷиноятро бар пояи адовати қавмӣ содир намудааст.

Надежда Исмоилова умедвор аст, ки бознигарии парванда ба додгоҳ имкон медиҳад, то гуноҳи Александр Николаевро аз рӯи банди “куштор дар пояи адовати қавмӣ” собит кунад. Аз рӯи ин банд додгоҳ метавонад ҷинояткорро аз 8 то 20 сол маҳкум ба зиндон кунад.
XS
SM
MD
LG