Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тааҳҳуди сарони Афғонистону Покистон ва Бритониё


Раҳбарони Покистону Афғонистон Осифалӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай дар нишасти сегона дар Бритониё ҷиҳати ҳамкорӣ дар талошҳо барои суботи минтақа тааҳҳуд супурдаанд. Сарвазири Бритониё Девид Камерон дар пайи ин нишаст таъкид кард, ки се раҳбар дар мавриди ояндаи Афғонистон дидгоҳи яксон дошта, мехоҳанд ин кишварро “кишвари амну собит ва демократие бубинанд, ки дигар ҳеҷ гоҳ паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ нахоҳад шуд.” Камерон гуфт, онҳо бо ҳимоят аз раванди сулҳи Афғонистон дар мавриди таҳияи паймони стротегии мушорикати Покистону Афғонистон то тирамоҳи соли ҷорӣ тавофуқ карданд. Кобул мехоҳад ҳанӯз то хуруҷи аксари нирӯҳои хориҷӣ то поёни соли 2014 ба сулҳ бо ҷангиёни Толибон даст биёбад. Ин севумин нишасти сегонаи сарони Бритониёву Покистон ва Афғонистон буд.
XS
SM
MD
LG