Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи як маргталаб ба мусаллаҳони суннимазҳаби Ироқ


Дар Ироқ як маргталаб гурӯҳи мусаллаҳони суннимазҳабро, ки аз ҳукумати марказӣ пуштибонӣ мекунанд, мавриди ҳамла қарор дод. Дар ин ҳодиса, ки дар шаҳри Тоҷӣ, воқеъ дар шимоли Бағдод рӯй дод, дасти кам 18 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 40 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Маргталаб худро дар ҳоле тарконд, ки афроди мусаллаҳ барои гирифтани маош ҷамъ омаданд.

Як рӯз аз ин пеш бар асари ҳамлаи террористӣ дар канори раёсати полиси шаҳри Киркук 15 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG