Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони куштори як шаҳрванди Ӯзбакистон боздошт шуд


Дар Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон дар куштори шаҳрванди Ӯзбакистон гумонбар дониста мешавад. Кумитаи тафтишоти Русия дар сайти интернетиаш хабар медиҳад, ки мақомоти тафтишотии ин ниҳод дар шаҳри Санкт-Петербург нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон Саидбек Солиеви 33-сола парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин коргари ширкати “Аксиома” дар куштори инсон (аз рӯи моддаи 104 Кодекси ҷиноии Русия) муттаҳам мешавад. Дар парвандаи ҷиноӣ гуфта шудааст, ки шаби 2 феврали соли 2013 Солиев ба тани як ҳамкораш шаҳрванди Ӯзбакистон корд зада ӯро ба ҳалокат расондааст. Ин ҳодиса дар дохили сохтмони нотамоми деҳаи Лисий Нос баъди шаробнӯшии ин ҳарду рух дод. Тафтишот мегӯяд, ки Солиев ба шаҳрванди 30-солаи Ӯзбакистон, як коргари дигари ширкати “Аксиома” ду бор корд задааст. Ҳоло Солиев дар боздошт аст ва рӯзҳои наздик айбномаи расмии ӯ содир мешавад.
XS
SM
MD
LG