Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти полиси Иттиҳодияи Аврупо - Европол садҳо далели бозиҳои пешакӣ маслиҳатшудаи футбол дар сартосари оламро ошкор кард.

Дар ҷараёни тафтишот, ки дар он кормандони полиси даҳҳо кишварҳо ширкат доштанд, тақрибан 380 бозии футбол дар Аврупо ва ҳамин миқдор бозиҳои дигар дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин мавриди шубҳа қарор гирифтанд. Масъулини Европол ҳадс мезананд, ки, ҳатто бархе аз бозиҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон ва қаҳрамонии Аврупо аз рӯи қарордоди пешакӣ баргузор шудаанд.

Роб Уэйрайт, раиси Европол дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Ҳейги Ҳоланд гуфт, ки дар ташкили ин гуна бозиҳо дар Аврупо 425 нафар, аз ҷумла, мансабдорони соҳаи футбол, бозингарон ва афроди ҷиноӣ аз беш аз 15 кишвар ширкат доштанд. Ӯ афзуд, ин гуна миқёси бузурги тақаллуб дар футболро то ҳол надида буданд.

Ба гуфтаи раҳбари Европол, онҳо муқаррар кардаанд, ки ду бозии Лигаи чемпионҳои УЕФА, аз ҷумла, як бозӣ дар Англия ва чанд бозии лигаи олии қаҳрамониҳои футболи бархе аз кишварҳои аврупоӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ ҷараён гирифтаанд.

Тафтишоти Европол яку ним сол идома дошт. Гурӯҳи ҷиноии ба ташкили бозиҳои маслиҳатшуда машғул дар Осиё мустақар буд ва бо ӯ гурӯҳҳои ҷиноии Аврупо ҳамкорӣ мекарданд. Ба иттилои полис, даромади асосии афроди ҷиноятпеша 8 миллион евроро ташкил медод, барои ташкили бозиҳои маслиҳатшуда 2 миллион евро сарф шудааст. Бузургтарин пардохти якбора барои тақаллуб дар бозӣ 140 ҳазор евро буд.

Мақомоти Европол мегӯянд, ки то хатми тафтишот номи ягон дастаи футбол ё бозингар ошкор карда нахоҳад шуд. Роб Уэйнрайт дар поёни нишасти хабарӣ гуфт, ки “ин рӯзи ғамангез барои футболи Аврупост”.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш барои ташкили бозиҳои пешакӣ маслиҳатшуда чандин нафар маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG