Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Сочи


Андрей Дрингин, варзишгари тоҷикистонӣ.

Андрей Дрингин, варзишгари тоҷикистонӣ.

Ду варзишгари Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочи дар лижаронии кӯҳӣ мубориза хоҳанд бурд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои омодагии ду варзишгари мо - Андрей Дригин ва Соҳибназари Турсунмурод ба мусобиқоти интихобии олимпӣ стипендия ё идрорпулии олимпӣ ихтисос додааст. Ин маблағ ба варзишгарони тоҷик муддати як сол, яъне то оғози Бозиҳои олимпии зимистона дар Сочи дода мешавад.”

Бояд гуфт, ки Андрей Дригин борҳо дар Бозиҳои олимпии зимистона ва мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст, вале муваффақ нагаштааст. Вай дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2010-ум дар Ванкувер дар чаҳор навъи рақобатҳои мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ ширкат карда буд.

Вале Соҳибназари Турсунмурод, ки ҳамагӣ 17 сол дорад, аввалин бор дар мусобиқоти интихобӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар Сочи талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG