Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як кӯдак дар Шӯрообод аз истеъмоли гиёҳи заҳрнок


Бар асари истеъмоли гиёҳи заҳрнок, як кӯдаки 6 солаи деҳаи Пистамазори ноҳияи Шӯрообод ҳалок ва ду тани дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Фарҳод Сангмадов, як тан аз наздикони ин кӯдакон гуфт, онҳо ҳангоми бозӣ гиёҳе, ки онро мардуми маҳаллӣ тутакалӣ меноманд, истеъмол кардаанд. Ба гуфтаи Фарҳод Сангмадов, онҳоро зуд ба беморхонаи ҷамоати Саричашма бурдаанд, аммо Бибиоминаи Қурбон, ки 6 сола буд, наҷот наёфт ва ҳалок гардид, аммо ду нафари дигараш шифо ёфтаанд.

Масъулони Идораи вогиршиносии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ҳафтаи гузашта низ чунин ҳодиса сабт шуда буд, аммо кӯдакон зуд ба беморхона бурда шуда, наҷот ёфтанд. Ба гуфтаи пизишкон, ин гиёҳи заҳрнок, пеш аз гиёҳҳои дигар мерӯяд ва заҳри он ба ҷигар осеб расонида, дар сурати кӯмаки тиббӣ нарасонидан, инсонро дар муддати 10 соат ба ҳалокат мерасонад.
XS
SM
MD
LG