Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони Бритониё, Афғонистон ва Покистон музокирот мекунанд


Имрӯз дар Лондон музокироти сеҷониба миёни нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон, раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳамтои покистонии ӯ Осеф Алӣ Зардорӣ ифтитоҳ шуд.

Гуфтушунид дар ҳоле мегузарад, ки Кобул ба фишори ҳарчӣ бештари ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои расидан ба оштӣ бо ҷунбиши "Толибон" қабл аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 мувоҷеҳ мешавад. Ҳукумати Бритониё қабл аз шурӯи музокирот хабар дод, ки ба он раҳбарони нерӯҳои мусаллаҳ ва хадамоти кашфи Афғонистону Покистон ҳам даъват шудаанд.

Ин саввумин музокироти раҳбарони Бритониё, Афғонистон ва Покистон дар робита ба авзоъ дар Афғонистон аст. Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон беш аз 9 ҳазор афсарону сарбозони бритониёвӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG