Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷалилӣ: Исроил аз ҳамла ба Сурия пушаймон хоҳад шуд


Саид Ҷалилӣ ва Башор Асад

Саид Ҷалилӣ ва Башор Асад

Раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон Саид Ҷалилӣ изҳор намуд, ки Исроил аз "таҷовузи ахираш" алайҳи Сурия пушаймон хоҳад шуд. Дар мулоқот бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар Димишқ, Ҷалилӣ ҳамчунин гуфт, ки Теҳрон аз ҳама гуна ибтикори гуфтугӯ миёни Асад ва мухолифини ӯ пуштибонӣ мекунад.

Башор Асад дар навбати худ Исроилро дар талоши нооромтар кардани авзоъ дар Сурия айбдор намуд.

Як рӯз аз ин пеш вазири дифои Исроил Эҳуд Барак хабари ҳамла ба як муассисаи низомии Сурия аз сӯи ҳавопаймоҳои исроилиро тасдиқ кард. Қаблан мақомоти ИМА гуфтанд, рӯзи 31 январ ҳавопаймоҳои низомии Исроил ба корвони мошинҳо, ки барои гурӯҳи Ҳизбуллоҳ силоҳ мебурд, ҳамла намуданд. Аммо мақомоти Сурия хабар доданд, ки як маркази пажуҳишии низомӣ дар канори Димишқ ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои Исроил қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG