Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонҳои ӯзбак як сокини Қазоқистонро маҷрӯҳ карданд


Як сокини вилояти Қазоқистони ҷанубӣ аз тири марзбонҳои ӯзбак ҷароҳат бардоштааст.

Салтанат Қарақозова, сухангӯи раёсати умури дохилии вилоят, ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки шаҳрванди Қазоқистон мехост аз тариқи рӯди Заҳ ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбакистон ворид шавад. Ҳангоми убур аз рӯд марзбонҳои ӯзбак сӯяш тир андохтанд ва ӯ бо захми тир маҷбур шуд, ки ба қаламрави Қазоқистон баргардад. Марди ҷароҳатбардошта, ки сокини 26-солаи деҳаи Интимак будааст, айни ҳол дар бемористон аст.

Тафтиши ҳодиса бар дӯши полиси низомии гарнизони Сариағаш вогузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG