Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Кобул аз ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ шуд


Дар Афғонистон шаш нафари гумонбар дар ташкили ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд. Муҳаммад Довуд Амин, муовини раиси полиси шаҳри Кобул ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти ин афрод шоми якшанбе дар ҷараёни як амалиёт дар пойтахт сурат гирифт. Кормандони полис аз онҳо шаш “камарбанди шаҳид”, тақрибан 50 норинҷак ва силоҳро мусодира карданд.

Ба гуфтаи Амин, ҳанӯз маълум нест, ки афроди гумонбар дар кадом минтақаи шаҳр ҳамлаи террористиро тарҳрезӣ карда буданд. Тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG