Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 4 сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар садамаи автомобилӣ


Бар асари садамаи автомобилӣ, чаҳор сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷони худро аз даст додаанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 4-уми январ ититилоъ дод, ки садамаи автомобилӣ рӯзи якшанбеи 3-юми феврал дар мавзеи Чимбулоқи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рух додааст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Холов Қутбиддин, ронандаи автомашинаи «Тайота-Раф-4», сокини ноҳияи Румӣ ҳангоми ҳаракат ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини «ДЭУ-Сиелло», ки ронандааш Муҳибулло Юсуфов будааст, бармехӯрад.

Дар натиҷаи ин садама ронанда Муҳибулло Юсуфов ва мусофирони вай Мирзовалӣ Юсуфов, Хосият Юсупова, Идигул Юсуфова, сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз пайвандони ронанда будаанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар вақти интиқол ба беморхона, ҷон додаанд..
XS
SM
MD
LG