Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: "Нерӯҳои хориҷӣ худсарона амал мекунанд"


Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки нерӯҳои байналмилалӣ ҳанӯз ҳам бархе аз амалиётҳои низомии худро шабона ва ба таври худсарона анҷом медиҳанд.

Ҳудуди чанд моҳ пеш раҳбарии тамоми амалиётҳои шабона дар Афғонистон ба дӯши нерӯҳои амниятии афғон супурда шуд, аммо вазорати дифои ин кишвар таъйид мекунад, ки баъзе аз ин гуна амалиётҳо то кунун аз сӯи нерӯҳои хориҷӣ роҳандозӣ мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Афғонистон, роҳандозии амалиётҳои шабона аз сӯи нерӯҳои байналмилалӣ бисёр маҳдуд шудааст, аммо таъкид мекунад, ки бояд раҳбарии тамоми ин амалиётҳоро нерӯҳои афғон ба ӯҳда дошта бошанд.

Генерал Зоҳир Азимӣ мегӯяд, нерӯҳои афғон тавоноии комили анҷоми амалиётҳои шабонаро доранд, аммо танҳо дар бахшҳои иктишофӣ ва нақлиёти ҳавоӣ, ба ҳамкории нерӯҳои хориҷӣ ниёзманд мебошанд. Оқои Азимӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба бахши дарии радиои "Озодӣ" инро рад накард, ки нерӯҳои хориҷӣ ҳанӯз ҳам дар бархе мавридҳо даст ба амалиётҳои худсаронаи шабона мезананд.

Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон
Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон
Чанд моҳ қабл як тафоҳумнома миёни вазорати дифои Афғонистон ва фармондеҳии умумии нерӯҳои байналмилӣ дар ин кишвар ба имзо расид, ки бар асоси он, раҳбарии тамоми амалиётҳои шабона ба ӯҳдаи нерӯҳои афғон супурда шуд. Пеш аз имзои ин тафоҳумнома, қаъи амалиётҳои худсаронаи шабона дар Афғонистон аз сӯи нерӯҳои хориҷӣ, аз шартҳои асосии ҳукумати ин кишвар барои имзои созишномаи стратегӣ бо Амрико буд.

Ба эътиқодаи мақомоти афғон, дар ҷараёни чунин амалиётҳо бештар ғайринизомиён қурбон мешаванд ва ин масъала бо арзишҳои динӣ ва фарҳангии Афғонистон низ созгор намебошад.

Аз сӯи дигар, нерӯҳои ISAF роҳандозии амалиётҳои шабона барои аз байн бурдани шӯришиёнро муҳим медонад ва таъкид мекунад, ки чунин амалиётҳо дар ҳамоҳангии комил бо нерӯҳои амниятии афғон анҷом мешаванд. Сухангӯи нерӯҳои ISAF дар Кобул ба "Озодӣ" гуфт, ки дар тобистони имсол раҳбарии тамоми амалиётҳо ба нерӯҳои амниятии афғон вогузор мегардад.

Тибқи маълумоти вазорати дифои Афғонистон, дар ҷараёни чанд соли гузашта ҳудуди чаҳор ҳазор амалиёти шабона дар бахшҳои мухталифи ин кишвар роҳандозӣ гардидааст.
XS
SM
MD
LG