Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушӣ дар зиндони №1-и пойтахт. Як маҳбуси ҷавон худро ба дор овехт


Як маҳбуси ҷавон дар зиндони шумораи аввали пойтахт худро ба дор овехта ва ҷон додааст.

Аммо наздикони Маҳмадшариф Насриддинови 22-сола бовар надоранд, ки ӯ худкушӣ кардааст.

Орзу, бародари марҳум мегӯяд, Маҳмадшариф тақрибан соати 2 – и шаби шанбе ба якшанбеи гузашта аз ҷаҳон рафтааст, аммо як рӯз қабл дар тамоси телефонӣ аз саломатӣ ва умуман тайи як солу ду моҳи будубош аз шароити маҳбас шикояте накардааст. Вай афзуд: «Ӯ худ худро накуштааст. Вай ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намерафт. Ҳар чӣ шудааст, дар миёни худи маҳбусон шудааст. Ҳар коре иттифоқ афтодааст, дар дохил аст.»

Аммо аҳли хонаводаи Насриддиновҳо, ки то ба ҳол аз хабари марги фарзанди худ дар маҳбас ба худ наомадаанд, мегӯянд, ҷузъиёти даргузашти ӯро низ напурсидаанд. Талбак Насриддинови 56 -сола, сарвари хонавода ба Радиои
Талбак Насриддинов
Талбак Насриддинов
зодӣ гуфт, субҳи якшанбе муовини маҳбаси рақами якум ба ӯ занг зада, хабар дод, ки шаб писараш худро ба дор овехтааст: «Боз ба ӯ гуфтам, ки додарҷон, шумо шӯхӣ накунед, шумо чӣ мегӯед. Гуфт, тақдир ҳамин будааст, ҳамин кор шудааст. Тамом. Дигар чизе напурсидам, ки чӣ тавр шудааст, чӣ рух додааст…»

Рӯзи якшанбе ҷасади Маҳмадшариф Насриддинов дар қабристони маҳаллаи «Ховарон» - и пойтахт ба хок супурда шуд. Аз рӯи нақли пайвандонаш, ҳангоми шустушӯи ҷасади ӯ танҳо дар гарданаш пайи таноб дида шуда ва гуфтаанд, бақияи осор дар бадани ӯ, аз ташхиси тиббӣ боқӣ мондаанд.

Маҳмадшариф Насриддинови 22 -сола моҳи декабри соли 2011 тибқи моддаи 244 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо ҷурми дуздӣ барои се сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Ба қавли падараш, он сол ӯро кормандони милиса барои дуздии асбоби ошхона ва дискҳои видеоӣ дастгир кардаанд.

Талбак Насриддинов мегӯяд, писараш як инсони вақтхуш ва зиндагидӯст буд, гуноҳи худро зуд ба гардан мегирифт, ҳатто дар додгоҳ ӯ ба гуноҳҳои худ пурра иқрор шуд. Вай афзуд, бори охир дар сӯҳбат бо ӯ писараш гуфта буд, ки агар аз маҳбас барояд, даст аз дуздӣ бармедорад ва паси зиндагӣ мешавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба он ишора мекунад, ки маҳбус Маҳмадшариф Насриддинов мубталои бемории равонӣ буд. Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Аз ҳамон маълумоте, ки ҳоло дар расонаҳо ҳаст, бештар ҳарфе барои гуфтан надорем. Яъне то ба ҳол фақат ҳамин маълум аст, ки мавсуф дар ҳоҷатхона худро овехтааст ва маризии рӯҳӣ доштааст.»

Пайвандони Маҳмадшариф Насриддинов ҳам мегӯянд, ӯ мубталои эпилепсия, як навъи маризии рӯҳӣ буд ва дар маҳбас ба касалии астма ҳам гирифтор шуда, дар беморхонаи он ҷо табобат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, ин танҳо мавриди даст ба худкушӣ задани зиндониёни маҳбасҳои Тоҷикистон нест. Моҳи декабри соли гузашта сокини деҳаи Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз Файзулло Мансуров дар маҳбаси "Кирпичний" худро ба дор овехт. Ба иттилои манобеи расмӣ, соли гузашта дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/2, мавсум ба «Кирпичний»-и шаҳри Ваҳдат, се зиндонӣ даст ба худкушӣ задаанд.

Мақомот дар бораи марги Ҳамза Икромзода, низ зиндонии маҳбаси рақами якум дар Душанбе гуфта буданд, ки ӯ худкушӣ кардааст. Аммо пайвандони Икромзода ба далели мавҷудияти нишонаҳои марги иҷборӣ дар баданаш бар инанд, ки ӯ худкушӣ накарда, балки кушта шудааст. Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам изҳор дошта буд, ки дар робита ба ин қазия алайҳи се маъмури зиндонҳо парванда боз кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, барои ҳалокати маҳбус Аҷик Қаюмов дар маҳбаси "Кирпичний" раиси маҳбас ва пизишки ин муассиса муҷозот шудаанд.
XS
SM
MD
LG