Пайвандҳои дастрасӣ

Мусофири маст ҳавопайморо ба замин нишонд


Ҳавопаймои мусофирбари ширкати Аэрофлоти Русия, ки аз Маскав ба ҷазираи Пҳукети Таиланд парвоз мекард, маҷбур шуд дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба замин нишинад.
Сабаб ин будааст, ки як мусофири ҳавопаймо дар ҳолати мастӣ қоидаҳои парвозро риоят накардааст.

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи Шереметево ба ҳаво бархостааст ва ҳангоми парвоз аз болои қаламрави Узбакистон халабонон аз фурудгоҳи Тошканд иҷозаи нишаст хостаанд ва гуфтаанд, ки як мусофир сахт маст шудааст ва ба халабонону мусофирони дигар халал мерасонад ва наметавонад худро идора кунад.

Дар бораи фуруди ҳавопаймо бо ҷониби Тогшканд мувофиқа ба даст омдааст. Баъд аз нишаст мусофири мастро ба пулис супурдаанд ва як ҷо бо вай хонумаш ҳам аз идомаи парвоз маҳрум шудааст.

Баъд аз он ҳавопаймо парвози худро ба сӯи Пҳукети Таиланд идома додааст.
XS
SM
MD
LG