Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил зарбаҳои ҳавоӣ ба Сурияро эътироф кард


Эҳуд Барак

Эҳуд Барак

Эҳуд Барак-вазири дифои Исроил изҳор дошт, ки зарбаҳои ҳавоии кишвараш ба таъсисоти низомии Сурия ҷиддӣ будани ҳадафҳои Исроилро нишон медиҳад, ки намехоҳад ба размандагони Лубнон аслиҳа интиқол дода шавад.

Эҳуд Барак ин суханонро дар конфронси амниятии Мунихи Олмон рӯзи якшанбе изҳор дошт.

Рӯзи якшанбе Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия изҳор дошт, ки Исроил бо зарбаҳои ҳавоии худ , ки 31 январ сурат гирифт, мехоҳад Сурияро заиф созад.
То имрӯз Исроил дар бораи ин ҳамлаҳои ҳавоӣ чизе нагуфта буд.

Ҳукумати Сурия иддао мекунад, ки маркази омӯзиши низомии Сурия дар наздикии Димишқ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG