Пайвандҳои дастрасӣ

Филми "Амалиёти "Арго" соҳиби як ҷоизаи дигар шуд


Гурӯҳи таҳиягарони амрикоӣ филми Бен Афлек “Амалиёти “Арго”-ро аз лиҳози таҳия беҳтарин филм номид. Рӯзи шанбе дар Лос Анҷелес маросими тақдими ҷоиза баргузор шуд.

Филм дар бораи рӯйдодҳои воқеии раҳоии гаравгонони амрикоӣ аз сафорати Амрико дар Теҳрон ҳикоят мекунад.

Пештар ин филм барандаи ҷоизаи “Кураи тиллоӣ” низ шуда буд. Маъмулан ақидаи ин гурӯҳи таҳиягарон бо ақидаи доварони озмуни филмҳои “Оскар” мутобиқат мекунад. Ҷашнвораи эҳдои ҷоизаҳои “Оскар” 24 феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG