Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо нафар дар ҳамлаи Киркуки Ироқ ба қатл расидаанд


Саҳнае аз инфиҷор дар Киркук

Саҳнае аз инфиҷор дар Киркук

Бино ба гузоришҳои расида, рӯзи якшанбе дар шаҳри Киркуки Ироқ даҳҳо нафар кушта шудаанд. Як бамгузори интиҳорӣ ва чанд марди мусаллаҳ талош кардаанд ба дафтари пулиси шаҳр ҳамла баранд.

Дар бораи шумораи афроди кушташуда ва афроди маҷрӯҳ маълумоти расмӣ вуҷуд надорад.

Кормандони тибб мегӯянд, 16 нафар ба қатл расидаанд. Аммо Носеҳ Муҳаммад-генерали пулис мегӯяд, ин шумора хеле бештар аст:

“Дар назди ситоди пулиси Киркук ва бинои мухобирот ду мошини бамгузоришуда таркид. Дар он 30 нафар кушта, беш аз 70 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Биноҳои атроф ба шиддат осеб дидаанд. Бамгузорони интиҳорӣ ба сӯи бинои пулис норинҷакҳои дастӣ низ партоб карданд. Пулис ду нафари онҳоро ба қатл расонд”.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, баъд аз инфиҷори мошинҳои бамгузоришуда ду мард дар либоси пулис ва бо камарбанди мунфаҷира талош кардаанд, худро ба бинои ситоди пулис расонанд, вале онҳоро ду посбони ситод ба қатл расонданд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳе ё шахсе бар уҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG