Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ҷумъа даҳҳо муҳоҷирони кории Осиёи марказӣ, ки дар Санкт-Петербург ба рӯбучини хиёбонҳои ин шаҳр машғуланд, ба нишонаи эътироз аз пардохт нашудани музди корашон, тазоҳурот карданд.

Дар миёни онҳо муҳоҷирони кории Тоҷикистон низ буданд. Онҳо дар назди бинои муассисаи Жилкомсервиси шумораи 3-и ноҳияи Фрунзеи шаҳр дар ҷараёни тазоҳуроти худ аз кормандони ин муассиса талаб карданд, ки дастмузди онҳоро мукаммал ба онҳо пардохт кунанд.

Ҳоло баъд аз ин тазоҳурот фаъолони иттифоқҳои касабаи Русия мегӯянд, ки мумкин аст дар ноҳияиҳои дигари шаҳри Санкт-Петербург низ чунин тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шавад, зеро ин мушкил дар тамоми муассисаҳои хадамоти коммуналии шаҳр мушоҳида мешавад.

Хадамоти коммуналӣ барои пардохт нашудани дастмузди муҳоҷирони кории хориҷӣ ширкатҳоро гунаҳгор медонанд, вале ин ширкатҳо, ки фармоишдиҳандаи кор дониста мешаванд, муассисаҳои коммуналиро муттаҳам мекунанд.

Фаррух Сатторов – раиси созмони ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷики шаҳри Санкт-Петербург дар мусоҳибае бо мо гуфт, ин намунаи алоҳида нест, балки дар моҳи октябр низ муҳоҷирон ба иттифоқҳои касаба дар ҳамин бора шикоят карда буданд.

Сатторов: Ҳамин ташкилот, яъне Новые Профсоюзы моҳи октябри соли гузашта дар ноҳияи Невкий дар назди Жилкомсервиси 2 даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон норозигии худро баён карда буданд, зеро онҳо маоши худро нагирифта буданд. Агар онҳо маош нагиранд, зиндагиашон хеле душвор мешавад. Пеш аз ҳама онҳо бояд барои зисти худ, яъне хурду хӯрок, нақлиёт ва мисли он маблағе дар ихтиёр дошта бошанд, иҷораи хонаашонро бояд пардохт кунанд, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои коришаон боял пуле дошта бошанд. Ҳамаи ин маблағ мехоҳад. Аз ҳама муҳимтар онҳо бояд ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон маблағе фиристанд, то ки фарзандонашон ва оилаашон чизе харида тавонанд ва чизе хӯрда тавонанд. Барои ҳамин мо гуфта метавонем, ки моҳи октябр дар ноҳияи Невский ҳамин гуна тазоҳурот буд ва акнун дар аввали моҳи феврал ин кор дар ноҳияи Фрунзе такрор шуд. Барои он ки кормандони Жилкомсервис ҳар вақт ба коргарони хзуд ваъдаҳои дурӯғ медиҳанд ва маошашонро намедиҳанд, муҳоҷирон аз ноилоҷӣ ба эътироз баромаданд. Сабаби эътироз ҳамин ваъдаҳои дурӯғи кормандон аст.

Озодӣ: Кормандоне, ки якуми феврал ба эътироз баромаданд, чанд моҳ маош нагирифтаанд?

Сатторов: Онҳо ду моҳ маоши худро нагирифтаанд.

Озодӣ: Тақрибан чанд нафар ба тазоҳурот баромадаанд?

Сатторов: Даҳҳо нафар будаанд, вале 38 нафар маоши худро нагирифта будаанд.

Озодӣ: Маоши умумии онҳо тақрибан чӣ маблағеро ташкил медиҳад?

Сатторов: Онҳо маоши ночиз мегиранд. Ҳар кадоме даҳ ҳазорӣ маош мегиранд. Барои ҳамин гуфта метавонем, ки ҳар моҳ 400 ҳазор рублӣ.

Озодӣ: Оё ҳамин тазоҳуроти эътирозии муҳоҷирони корӣ натиҷае дод ва кормандони муассисаи Жилкомсервис барои пардохти маоши онҳо ваъдае додаанд?

Сатторов: Бале, ин хабар то додситонӣ расид ва ҳоло кормандони додситонӣ мехоҳанд ин корро тафтиш кунанд. Баъд аз тафтишот ва чорабиниҳое, ки онҳо бояд гузаронанд, ин мушкили муҳоҷирони корӣ бояд ҳал шавад.

Озодӣ: Ҷамъиятҳои тоҷики муқими Санкт-Петербург низ дар чунин ҳолатҳо метавонанд ба муҳоҷирони корӣ кӯмак кунанд?

Сатторов: Албатта метавонанд. Вазифаи онҳо ин аст, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва мақомоти дигари дахлдор ин мушкили шаҳрвандони моро бояд ҳал кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG