Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мубин Эргашев - сармураббии бошгоҳи футболи «Хуҷанд»


Мубин Эргашев

Мубин Эргашев

Мубин Эргашев, мураббии варзидаи тоҷик, сармураббии бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд.

Аз ин пеш вай мураббии калони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе буд. Мубин Эргашев дар вазифаи сармураббии дастаи «Хуҷанд» Ҷамшед Акбаровро иваз намуд.

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят, Мубин Эргашевро ба ҳузур пазируфт ва ӯро бо вазифаи нав табрик намуда, барори кор орзу кард. Дар ҷараёни мулоқот вазифаҳое, ки имсол роҳбарони бошгоҳ дар назди даста гузоштаанд, баррасӣ шуд.

Мубин Эргашеви 39-сола Мактаби олии мураббиёни Маскавро хатм кардааст. Дорои муҷаввизи мураббии аврупоии дараҷаи «А» мебошад. Вай ҳамзамон мураббии калони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва сармураббии тими мунтахаби ҷавонони кишвар аст.

Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон (2009, 2010, 2011), барандаи чандинкаратаи Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми кишвар мебошад. Ба ҳайси сармураббӣ ва ёвари сармураббӣ дар дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Гвардия» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) кор кардааст. Аз августи соли 2010-ум то январи соли 2013-ум мураббии калони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе буд.
XS
SM
MD
LG