Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон дар бораи музокироти мустақим бо Амрико посух дод


Алӣ Акбар Солеҳӣ

Алӣ Акбар Солеҳӣ

Теҳрон мегӯяд, ки барои музокироти дуҷониба бо Амрико роҷеъ ба бӯҳрони ҳастаиаш дарҳоро боз нигоҳ медорад, вале шартҳо низ мегузорад. Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар конфронси амниятӣ дар Мунихи Олмон рӯзи якшанбе гуфт, ки Эрон барои чунин музокирот бо Вашингтон эътирозе надорад, вале Амрико бояд ба он бо “ҳадафҳои одилонаву рӯшан” ояд.

Вай гуфт, пешниҳоди Вашингтон дар бораи анҷоми музокира бо Эрон зиддунақиз аст, зеро аз як тараф хостори музокира аст ва аз тарафи дигар бо “лаҳни таҳдид” дар бораи роҳҳои ҳали низомӣ ҳарф мезанад ва таҳримҳо ҷорӣ мекунад.

Як рӯз пеш Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Вашингтон мехоҳад роҷеъ ба бӯҳрони ҳастаии Эрон Теҳронро ба музокироти мустақим ҷалб кунад.

Солеҳӣ ҳамчунин гуфт, кишварҳои панҷ бар иловаи як низ ба Эрон пешниҳод кардаанд, ки даври нави музокирот 25 феврал дар Қазоқистон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG