Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба ситоди пулис дар шаҳри Киркуки Ироқ


Рӯзи якшанбе дар шаҳри Киркуки Ироқ як бамгузори интиҳорӣ ва афроди мусаллаҳ ба дафтари пулис ҳамла бурданд. Гузоришҳои аввалия дар бораи шумораи талафоти ин ҳамла чизе намегӯянд.

Генерали пулис Натаҳ Муҳаммад Сабр гуфт, мумкин аст дар ин ҳамла 30 нафар кушта, тақрибан 70 нафари дигар ҷароҳат бардошта бошанд. Ба гуфтаи вай, ҳамлакунандагон талош доштаанд, контрол бар ситоди пулисро дар ихтиёри худ бигиранд, вале муваффақ нашудаанд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

Киркук шаҳрест, ки дар он арабҳо, курдҳо ва туркманҳо ба сар мебаранд ва он маркази кашмакашиҳои минтақаи худмухтори Курдистон бо ҳукумати марказӣ барои нафт ва замин ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG