Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил хостори фишори бештар ба Эрон шуд


Эҳуд Барак

Эҳуд Барак

Эҳуд Барак-вазири дифои Исроил аз маҳофили байналмиллалӣ даъват кард, то Эронро мутмаин созанд, ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст назанад.

Барак рӯзи якшанбе зимни суханони худ дар шаҳри Мунихи Олмон гуфт, ҳоло бо Эрон гуфтугӯ кардан соддатар аст, нисбат ба он ки баъдтар бо Эрони дорои аслиҳаи ҳастаӣ ба музокира биншинӣ.

Вазири дифои Исроил гуфт, кишвараш дар тасмимгириҳои худ барои нигоҳ доштани Эрон аз ин роҳ ҷиддист ва барои он “ҳамаи имконотро истисно намедонад”. Ба гуфтаи вай, Исроил интизор аст, ки кишварҳои дигар низ чунин хоҳанд кард.

Эҳуд Барак ин суханонро дар рӯзи охири конфронси амниятӣ дар Муних изҳор дошт. Дар ин конфронс беш аз 400 нафар дипломатҳои боломақом аз Амрикову Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва кишварҳои дигар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG