Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз раҳбарони Британия, Покистон, Афғонистон мулоқот мекунанд


Қарор аст имрӯз дар Лондон раҳбарони Британияву Покистон ва Афғонистон бо ҳам мулоқоти сеҷониба анҷом диҳанд. Интизор меравад, ки нахуствазир Дэвид Камерон, Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон ва Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон роҷеъ ба ибтикороти таъмини сулҳу субот дар Афғонистон гуфтугӯ кунанд.

Ин музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки Афғонистон беш аз пеш ба фишор рӯ ба рӯ мешавад, то дар остонаи хуруҷи пешбинишудаи нируҳои байналмиллалӣ бо Толибон дар бораи сулҳ ба тавофуқ бирасад. Ин нируҳо то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк мекунанд.

Ҳоло бештар аз 9 000 нафар низомиёни Британия дар вилояти Ҳилманд дар таркиби нируҳои НАТО хидмат мекунанд. Аз лиҳози шумораи низомиён дар Афғонистон Британия баъд аз Амрико дар мақоми дуввум аст.
XS
SM
MD
LG