Пайвандҳои дастрасӣ

Заминро ба фархориён бо ҳуҷҷатҳои "қалбакӣ" кӣ фурӯхт?


Сокинони ноҳияи Фархор дар Дафтари радиои "Озодӣ" дар Душанбе.

Сокинони ноҳияи Фархор дар Дафтари радиои "Озодӣ" дар Душанбе.

Чанд тан аз сокини ноҳияи Фархор, ки аз бозпас гирифтани заминҳояшон ба «Озодӣ» шикоят карда буданд, мегӯянд, зери фишори мақомот қарор гирифтаанд.

Одинахоҷа Сафаров, яке аз нӯҳ нафар сокини ноҳияи Фархор, ки ҳафтаи гузашта ба дафтари радиои «Озодӣ» омад ва аз бозпас гирифта шудани заминҳояшон аз ҷониби мақомот шикоят карда буд, мегӯяд, пас аз нашри ин матлаб дар сомонаи радиои «Озодӣ» зери фишори мансабдорони ноҳия қарор дорад.

Сафаров мегӯяд, “ба ман фишор оварда гуфтанд, ки чаро ту ҳамроҳи дигар одамон ба маркази ҷумҳурӣ рафта аз болои мо шикоят кардӣ? Мо кадом кори шуморо анҷом надодем, ки ба марказ рафтед? Охир чор моҳ шуд, ки ба арзу шикоятҳоямон ҷавоб нагардонданд, ягон мушкил ҳал нашуд, нисбати заминфурӯшон низ ягон чора дида нашуд, пас, чӣ хел мо марказ рафта шикоят накунем?!”

Ба таъкиди Сафаров, пас аз нашри матлаб дар сомонаи радиои «Озодӣ», намояндагони прокуратураи генералӣ ва бахши вилоятии он, ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Фархор бо сокиноне, ки даъвои гирифтани замин барои бунёди манзил доранд, маҷлис барпо карданд. Аммо, ба гуфти Сафаров, ин вохӯрӣ натиҷаи дилхоҳ надодааст ва сокинон аз он ноумед баргаштаанд.

Тағойгул Алиева, сокини ноҳияи Фархор

Тағойгул Алиева, сокини ноҳияи Фархор

Тағойгул Алиева, як сокини дигари ҳамин ноҳия, ки дар вохӯрӣ ширкат доштааст, дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, “мансабдорон мегӯянд он ҳуҷҷатҳое, ки мо дар бораи истифодаи замин дар даст дорем, гӯё қалбакӣ будааст. Ба гуфтаи онҳо, ин заминҳои обии кишоварзӣ аст ва як гуруҳ авбошон моро фиреб карда, ҳамин заминҳоро ғайриқонунӣ ба мо фурӯхтаанд.”

Вале, ба таъкиди хонум Алиева, ин заминҳо ба онҳо дар ҳузури раиси қаблии ноҳияи Фархор тақсим гардида буд, на аз ҷониби як гуруҳ “авбошон”. Алиева мегӯяд, вай бар ивази 1800 доллари аз муҳоҷират фиристодаи фарзандонаш, 16 сотих замин гирифта буд, акнун ки мақомот заминро гирифтаанд, ӯ намедонад пулашро аз кӣ ситонад.

Аммо дар як сӯҳбати телефонӣ як масъул дар ҳукумати ноҳияи Фархор, ки нахост номаш зикр шавад, иддаои сокинонро дар мавриди фишори мансабдорони ноҳия бар эшонро рад кард ва онро бепоя хонд.


Баҳси замин сокинони Фархорро ба Душанбе овард


Дар ҳамин ҳол, Абдусамеъ Дадобоев, сардори раёсати равобити байналмилалии додситонии кулли Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ изҳор дошт, ки пас аз ворид шудани аризаи шикоятии сокинони Фархор, муовини додситони кулл ҳамроҳ бо прокурори вилояти Хатлон ин қазияро баррасӣ кардаанд.

Ҷаноби Дадабоев гуфт, “дар пайи санҷиши намояндагони прокуратура, баъзе паҳлӯҳои нави ин қазия ошкор шуд. Лекин, маълум аст, ки ин заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ буда, бо мақсади бунёди манзил истифода кардани он мумкин нест. Ҳамон вақт каме нофаҳмӣ шудаасту ин заминҳоро ба мардум тақсим кардаанд. Бинобар ин, қарор шуд, ки санҷиши ин қазия идома дода мешавад ва он то ҳол ҳал нашудааст”.

Зимнан, Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшинос ва вакили мудофеи тоҷик мегӯяд, мушкилоти замини сокинони Фархорро танҳо мурофиаи судӣ метавонад ҳал кунад. Ба таъкиди ҳуқуқшинос, “агар заминҳо ғайриқонунӣ тақсим шуда бошанд, додгоҳ муайян мекунад, ки зарари молии онро бояд кӣ ҷуброн кунад”.

Бояд гуфт, ки дар оғози соли 2009 дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ноҳияи Фархор мақомот ба 154 сокини ҷамоати деҳоти "Ватан" 14,76 гектар заминро барои бунёди манзил тақсим карда буданд. Аммо акнун мақомоти маҳаллӣ тақсимоти ин қитъаҳоро ғайриқонунӣ дониста, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва бунёди манзилро дар ин заминҳо манъ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG