Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори мулоқоти дуҷониба бо Эрон аст


Ҷо Байден зимни суханронӣ дар конфронси амниятии Мунихи Олмон
Ҷо Байден зимни суханронӣ дар конфронси амниятии Мунихи Олмон
Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, кишвараш мехоҳад бо раҳбарони Эрон роҷеъ ба бӯҳрони ҳастаӣ дар ин кишвар мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.

Вай ин суханонро рӯзи шанбе дар конфронси амниятии шаҳри Мунихи Олмон изҳор дошт. Вай гуфт, Вашингтон пешниҳод мекунад, ки ба ҷуз аз мулоқотҳо дар чаҳорчӯбаи музокироти панҷ бар иловаи як, ба таври дуҷониба роҷеъ ба ин масъала миёни Амрико ва Эрон мулоқот анҷом бигирад.

Дар ин конфронс 400 дипломат ва мақомоти дифои кишварҳои Итииҳодияи Аврупо, Амрикову Русия ва кишварҳои дигар гирдиҳам омадаанд.
XS
SM
MD
LG