Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис ишғолгарии Русияро таҳдид ба минтақа медонад


Майа Панҷикидзе

Майа Панҷикидзе

Майа Панҷикидзе -вазири корҳои хориҷаи Гурҷистон мегӯяд, ишғоли қаламравҳои ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон аз ҷониби Русия ба субот дар минтақа ва Аврупо таҳдид мекунад. Вай бо ин суханон ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро дар назар дорад.

Вай гуфт, Гурҷистон пушаймон аст, ки “ҳузури намояндагии САҲА-ро мамнӯъ эълон кард ва кишвари вай хостори бозгашти ин намояндагӣ мебошад”.

Майа Панҷикидзе гуфт, Тифлис талош дорад бо маҳофили байналмиллалӣ Маскавро ташвиқ кунад, ки Русия аз сулҳ бо кишварҳои ҳамсояаш суд хоҳад бардошт.
Вазири корҳои хориҷаи Гурҷистон ин суханонро дар конфронси амниятӣ дар шаҳри Мунихи Олмон изҳор дошт.

Дар ин конфронс 400 дипломат ва мақомоти дифои кишварҳои Итииҳодияи Аврупо, Амрикову Русия ва кишварҳои дигар гирдиҳам омадаанд.
XS
SM
MD
LG